LIVE

Пеп сири чӣ тавр ғолиб шуданро ба Артета нагуфтааст

Дар бозии мавқуфмондаи даври 28-уми Чемпионати Англия дастаи "Манчестер Сити" дар майдони худ дарвозаи "Арсенал"-ро голборон сохт. Дар қисми аввали бозӣ ду бозингари тими лондонӣ - Гранит Ҷака ва Пабло Мари ҷароҳат бардоштанд. 
Дар дақиқаи 45-уми бозӣ Раҳим Стерлинг ҳисоби дидорро боз кард. 
Дар ибтидои қисми дуюм Луис қоидаи бозиро вайрон кард ва Кевин де Брёйне зарбаи ҷаримавии 11 метраро ба гол табдил дод. Қабл аз анҷоми рақобат Фил Фоден голи сеюми «Манчестер Сити»-ро ба ҳадаф расонд. «Манчестер Сити» бо 60 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. «Арсенал» бошад, 40 хол дорад ва мақоми 9-умро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив