LIVE

Барои шикаст додани “Арсенал” 45 дақиқа ҳам кифоя будааст

“Манчестер Сити” дар бозии марказии даври 17-уми ПЛА дар варзишгоҳи “Иморот”-и шаҳри Лондон дастаи “Арсенал”-ро бо ҳисоби 3-0 мағлуб кард.
Қаҳрамони асосии дидор ниммуҳофизатгари “шаҳриён” Кевин де Брёйне шуд. Ҳисоби бозиро ӯ ҳанӯз дар дақиқаи 2-юм кушод. Кевин бо истифода аз паси Жезус “туфангдорон”-ро маҷбур кард, то дар 6-умин бозии хонагии худ пай дар пай тӯбро аз тӯри дарвозаашон берун оранд. Сипас футболбози мунтахаби Белгия ба ҳамдастааш Раҳим Стерлинг кӯмак кард то ҳисобро тағйир диҳад. Нуқтаи ниҳоиро низ дар ин дидор худи ӯ гузошт. Де Брйёне дар дақиқаи 40-ум ҳисобро 3-0 кард. Ин бори авал аст, ки ӯ дар ҷараёни бозиҳои ПЛА дар як дидори ҷудогона 2 гол ба дарвозаи ҳариф мезанад.
Дар 6 бозии охир бар муқобили шогирдони Хосеп Гвардиола “Арсенал” пайдарҳам дучори бохт шуд. Чунин натиҷаро ягон дастаи дигари Англия дар бозиҳои байнихудӣ бо “туфангдорон” надоранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив