LIVE

Бохти аввали Ханс Флик дар Бундеслига

Дар бозии марказии даври 13-уми мусобиқаи Бундеслигаи Олмон "Бавария" дар майдонаш аз "Байер" шикаст хӯрд. Ҳисобро дар дақиқаи 10-уми вохӯрӣ Леон Бэйли боз кард. Томас Мюллер баъди 24 дақиқа ҳисобро баробар 1:1 намуд. Леон Бэйли боз ҳам пас аз як дақиқа Нойерро маҷбур кард, ки ин дафъа ҳам  тӯбро аз даруни дарвозааш гирад. Дар дақиқаи 82-уми дидор довар ба ҳимоятгари марказии "Байер" Жонатан Та бинобар сабаби дағал бозӣ карданаш корти сурх нишон дод. Новобаста аз ин шогирдони Петер Бош ҳисоби бозиро нигоҳ дошта, баъди ҳашт сол бори аввал дар майдони ҳариф пирӯз шуданд. Барои Ханс Флик, сармураббии "Бавария", ки баъди ба ин вазифа таъин шуданаш боре ҳам дучори бохт нашуда буд, нахустин шикаст дониста мешавад. То ин дам мюнхениҳо бо роҳбарии ӯ дар 4 бозӣ 4 ғалаба ба даст овардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив