LIVE

«Арсенал»-ро хатари набаромадан аз гурӯҳ таҳдид мекунад

Дар бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо бошгоҳи “Арсенал”-и Лондон аз тими “Айнтрахт”-и Олмон шикаст хурд. Вохӯрии тимҳо дар майдони «Эмирейтс» доир шуда, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи олмониҳо хотима ёфт. Пйер-Эмерик Обамеянг дар дақиқа охири қисми якуми дидор ҳисобро боз кард. Дар дақиқаҳои 55 ва 64 Даити Камада ду маротиба дарвозаи “туфангдорон”-ро рахна намуда, пирӯзии тимашро таъмин намуд. То ҳол тақдири роҳхат дар гурӯҳи “Ғ” ҳалу фасл намудааст. Дар айни ҳол “Арсенал” бо касби 10 хол дар зинаи якум қарор дорад. “Айнтрахт” (9) ва” Стандард” (7) дар зинаҳои дуюм ва сеюм ҷой доранд ва барои роҳ ёфтан ба даври 1/8 ниҳоӣ имконияти хуб доранд. Тақдири ду роҳхат дар даври 6-ум муайян хоҳад шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив