LIVE

“Арсенал” дар 12 бозии охир аз "Ман Сити" шикаст мехӯрад

Дар доираи бозиҳои даври 33-юми чемпионати Англия  дастаҳои “Манчестер Сити” ва “Арсенал”  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер дар ҳузури 53 482 нафар мухлис  доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 1  ба суди мизбонон   хотима ёфт.
Голҳоро дар ҳайати дастаи “Манчестер Сити” – Кевин де Брюйне ду маротиба, Ҷон Стоунз, Эрлинг Ҳоланд ва аз ҳайати “Арсенал” – Роб Холдинг ба самар расониданд.
Бо ин пирӯзӣ дастаи “Манчестер Сити” шумораи имтиёзҳояшро ба 73 адад расонида, тафовути имтиёзҳоро аз садрнишини ҷадвали мусобиқа “Арсенал” ба 2 имтиёз расонид. Лек “шаҳриҳо” ҳоло ду бозии захиравӣ доранд ва агар дар онҳо пирӯзӣ ба даст оранд пас ба садри ҷадвали мусобиқа мебароянд.
Қобили зикр аст, ки сар карда аз моҳи январи соли 2015 бори охир “Арсенал”  дар ПЛА  ва дар варзишгоҳи "Иттиҳод" муқобили “Манчестер Сити”  пирӯзӣ ба даст оварда буд. Бо гузаро шудани 8 сол “тӯпчиён” наметавонанд, ки дар Манчестер муқобили “шаҳриҳо” зафар ёбанд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз суперкомпютер аз FiveThirtyEight ҷадвали ниҳоии мавсими имсолаи Премйер-Лигаи Англияро  пешгӯӣ кард.
Ҳамин тавр, аз рӯи ақидаи сунъӣ қаҳрамони Англия имсол «Манчестер Сити» хоҳад буд, ки ҳоло дар ҷои дуюм аст. “Шаҳриҳо”  77 % имкони ғолиб шудан дар чемпионатро  доранд. “Арсенал” бошад, тибқи пешбинии суперкомпютер дар зинаи дуюм мавсимро ҷамъбаст мекунад. «Тӯпчиён» 23 % имконияти ба даст овардани унвони қаҳрамониро доранд, ки нисбат ба «Манчестер Сити» 3,35 маротиба камтар аст.

Next Post

Комментарии 1

Ахдиддин
Ахдиддин от 27 апреля 2023 18:52
Ahliddinjon

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив