LIVE

«Тоттенхэм» бо кӯмаки бозигари «Эвертон» ғалаба кард

Даври 33-юми Премйер-лигаи Англия бо рақобати дастаҳои «Тоттенхэм» ва «Эвертон» хотима ёфт. Дидори тимҳо дар варзишгоҳи  «Тоттенхэм Хотспур»-и  Лондон доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди соҳибони майдон поён ёфт. Муаллифи голи ягонаи дидор ҳимоятгари «Эвертон» - Майкл Кин гардид. Майкл дар дақиқаи 24-уми нерусанҷӣ тӯбро вориди дарвозаи тими худ намуд. Ҳамин тавр “Эвертон” ба силсилапирӯзиҳои худ дар Чемпионати Англия, ки се бозиро дарбар мегирифт, хотима бахшид. Пас аз ин музаффарият “Тоттенхэм” 48 имтиёз ба даст оварда, ба зинаи ҳаштуми ҷадвали умумии чемпионат баромад. “Эвертон” бошад, бо 44 хол дар мақоми 11-уми ҷадвал қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив