LIVE

Бохти «Эвертон» аз «Астон Вилла»

Дар бозии даври 3-юми Премйер-лигиа Англия бошгоҳҳои «Астон Вилла» ва «Эвертон» майдондорӣ намуданд. Вохӯрии тимҳо дар майдони «Вилла Парк» доир шуда, бо ҳисоби 2:0 ба суди мизбонон хатм шуд. Барои «Астон Вилла» ин нахустин пирӯзӣ дар мавсими 2019/20 ба шумор меравад.  Дар ду бозии қаблӣ ин даста аз тимҳои «Борнмут» (1:2) ва «Тоттенхэм Хотспур» (1:3) дучори шикаст шуда буд. Барои  «Эвертон» бошад, ин аввалин бохт дар мавсими нав ба шумор меравад. Қаблан дастаи шаҳри Ливепул бо тимҳои «Уотфорд» (1:0) ва «Кристал Пэлас» (0:0) майдондорӣ намуда буд.

Чемпионати Англия. Премйер-лига
Даври 3-юм
«Астон Вилла» — «Эвертон» — 2:0 (1:0)
Голҳо: Уэсли, 21 (1:0). Эл-Гази, 90+5 (2:0).
«Астон Вилла»: Хитон, Тэйлор, Энгелс, Гилбер, Мингс, Грилиш, Макгинн, Дуглас Луис, Хота (Эл-Гази, 78), Уэсли, Трезеге (Эл-Мохамади, 86).
«Эвертон»: Пикфорд, Коулман, Дин, М.Кин, Мина, Шнейдерлен, Сигурдссон (Ивоби, 61), Андре Гомеш, Бернард (М.Кин, 62), Калверт-Люин, Ришарлисон (Уолкотт, 78).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив