Дар доираи бозиҳои даври дуюми Чемпионати Испания дастаҳои “Барселона” ва “Кадис” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Барселона дар ҳузури 39 603 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди меҳмонон анҷом ёфт.
Голҳоро дар ин бозӣ Педри дар дақиқаи 82-юм ва Ферран Торрес дар дақиқаи 90+5 ба самар расониданд.
Ин аввалин ғалабаи дастаи “Барселона” дар мавсими нави Ла Лига маҳсуб мешавад. Дар бозии даври гузашта, “Барселона” бо “Хетафе” дар сафар мусовӣ (0:0) бозӣ карда буд.
Дар даври оянда, “Барселона” бо “Вилярреал” рӯзи 27-уми август дар сафар бозӣ мекунад. “Кадис” рӯзи 26-уми август бо “Алмерия” майдондорӣ мекунад.
Пас аз ду даври мусобиқа ҳоло бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” бо касби 6 имтиёз садрнишини ҷадвал аст. “Барселона” бо 4 имтиёз дар мавқеи 5-ум аст. “Кадис” бо 3 имтиёз дар зинаи 11-ум маскан гирифтааст. Дар таҳхонаи ҷадвал “Алавес”, “Гранада” ва “Алмерия” ҷойгиранд.