LIVE

Ғалабаи таърихии "Кадис" дар Мадрид

Дар доираи бозиҳои  даври шашуми чемпионати   Испания "Реал " аз тими навкори Ла Лига "Кадис" мағлуб шуд.  Вохӯрӣ дар варзишгоҳи  "Алфредо ди Стефано", майдони дуюми мадридиҳо баргузор шуда, бо як голи беҷавоби меҳмонон ба анҷом расид.
Дар дақиқаи 16-уми дидор, голи ягонаи бозиро  ҳамлагари тими  "Кадис" Энтони Лозано ба ҳадаф расонид. 
Ин аввалин ғалабаи "Кадис" бар "Реал" дар Мадрид дар таърихи мавҷудияти худ ба ҳисоб меравад. Ин тими футбол пас аз 3 пирӯзӣ, 2 бохт ва 1 мусовӣ 10 имтиёз дорад ва холҳои худро бо бошгоҳи шоҳона дар ҷадвали умумии мусобиқа баробар кард. 
Дар даври навбатии чемпионати Испания бошгоҳи "Реал Мадрид" рӯзи 24 -уми октябр дар "Камп Ноу"  бо рақиби азалии хеш тими "Барселона" рақобат мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив