LIVE

Серхио Рамос «Реал»-ро қаҳрамон карданист

Дар доираи рақобатҳои даври 33-юми   чемпионати Испания «Реал» бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастаи  «Хетафе»-ро мағлуб намуд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Алфредо ди Стефано»-и Мадрид баргузор гардид. Ягона голи рақобатро дар дақиқаи 79-уми пайти дуюми дидор аз ҷаримаи 11 - метра сарвонаи бошгоҳи шоҳона Серхио Рамос ба самар расонид. Бо ҳамин тартиб шогирадони Зайнидин Зидан пирӯзии 6-уми пайдарҳами худро дар Ла Лига ба қайд гирифтанд. Айни замон бошгоҳи “Реал Мадрид” бо касби 74 имтиёз дар садри ҷадвали умуии чемпионат қарор дорад. Тафовут миёни шогирдони Зидан аз рақиби асосиашон тими “Барселона” 4 имтиёзро дар бар мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив