LIVE

«Реал» дубора ба зинаи аввал баромад

Дар бозии даври 31-уми Чемпионати Испания «Реал» бар муқобили «Малйорка» бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Бозӣ дар варзишгоҳи ба номи «Алфредо ди Стефано» баргузор шуд.  
Ҳисоби дидор дар дақиқаи 19-ум  кушода шуд. Муаллифи аввалин голи мадридиҳо Винисиус Жуниор гардид. Дар дақиқаи 56-уми рақобат муҳофизатгар - Серхио Рамос голи дуюми мадридиҳоро ба дарвозаи меҳмонон зада, ҳисобро дуболо сохт.  
«Реал» бо 68 хол ба зинаи аввали ҷадвали умумии чемпионат баромад. «Малйорка» дар зинаи 18-ум қарор дорад. Дар даври навбатӣ «Реал» ба меҳмонии «Эспанйол» меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив