LIVE

Дар рақобат миёни дастаҳои Неймару Месси кӣ пирӯз шуд?

Бозии рафиқона миёни дастаҳои “Ал-Ҳилол” –и Арабистони Саудӣ ва “Интер Майами”-и Амрико ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Кингдом Арена”-и шаҳри Риёз баргузор шуда, бо ҳисоби 4 бар 3 ба фоидаи “Ал-Ҳилол” ба поён расид.
Ҳисобро дар раванди бозӣ нахуст футболбозони шаҳри Риёз бо голи Александр Митрович дар дақиқаи 10-уми бозӣ кушоданд. Бо гузаро шудани 3 дақиқа Абдулло Ал Ҳамдан ҳисобро дуболо кард. Луис Суарес аз ҳайати дастаи шаҳри Майами дар бозии дебютиаш гол зад ва ҳисобро коҳиш дод.
Дар дақиқаи 44-уми бозӣ Микаэли бразилӣ аз ҳайати “Ал-Ҳилол” голи сеюмро зада, голашро бо усули Роналду таҷлил кард. Пас аз 10 дақиқаи ин гол Месси аз пеналти ба задани гол ноил шуд. Дар дақиқаи 55-уми бозӣ Месси ба Давид Руис ирсоли головар анҷом дод ва бо голи Руис ҳисоб мусовӣ гардид. Дар идома аз ҳайати “Ал-Ҳилол” – Малком ба задани гол мушарраф гардид ва ғалабаи дастаашро таъмин намуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Интер Майами” дар 3 бозии рафиқана дар соли 2024 шаҳди пирӯзиро чашида наметавонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив