LIVE

Аввалин бозӣ ва аввалин голи пирӯзиовари Месси дар сафи «Интер Майами»

Имрӯз, 22-юми июл дар варзишгоҳи «Интер Майами» дар  Форт-Лодердейли ИМА бозии даври 1-уми Ҷоми лигаи MLS + MX баргузор гардид. Бозӣ дар гурӯҳи   Ҷануб- 3 миёни дастаҳои «Интер Майами» ва «Крус-Асул» доир шуда, «Интер Майами» бо ҳисоби 2:1 ба пирӯзӣ расид.
Ҳисобро дар дақиқаи 44-ум футболбозони «Интер» кушоданд: аз партофти Робби Робинсон Роберт Тэйлор муаллифи гол гардид. Намояндагони тими мексикоӣ бошанд дар миёнаи қисмати дуюм бо голи  Уриэл Антуна  ҳисобро баробар карданд.
Пирӯзии «Интер»-ро  дар дақиқаи 90+4-ум ҳамлавари аргентинӣ Лионел Месси тариқи гол аз зарбаи ҷаримавӣ таъмин кард. Барои Месси ва Серхио Бускетс ин бозии нахуст дар сафи тими амрикоӣ ба ҳисоб рафта буд. 
Ҷоми Лигаи MLS + MX. Гурӯҳи Ҷануб- 3. Даври 1-ум
22-юми июли соли 2023, шанбе. 05:00 ДШБ
Крус Асул (Мехико, Мексика1 : 2 Интер Майами  (Майами, ИМА)
0:1 Тэйлор – 44'   1:1 Антуна – 65'   1:2 Месси – 90+4'

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив