LIVE

Дастаи нави Месси дар даҳ бозӣ ғалаба карда наметавонад

«Интер Майами» ин навбат дар бозии чемпионати МЛС бо «Ди Си Юнайтед» (2:2) холҳоро қисмат намуд.
Даста аз иёлати Флорида баъди ҳафт бохти пай дар пай сеюмин маротиба паиҳам  ба натиҷаи мусовӣ расид. Баъди омадани Херардо Мартино «Интер Майами»  дар омор бохт надорад.
Баъди анҷоми 21 бозӣ «Интер Майами» бо 18 хол дар зинаи охири ҷадвали Конференсияи Шарқӣ қарор дорад. 
Ёдрас мекунем, ки Лионел Месси бозии нахусташро дар ин тим рӯзи 21-уми июл вақти бозӣ муқобили «Крус Асул»-и мексикоӣ дар Ҷоми лига доир мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив