LIVE

Бекхэм сармураббии нави тимашро элон кард

Бошгоҳи  "Интер Майами", ки моликаш собиқ нимҳимоятгари  мунтахаби Англия Дэвид Бекхэм мебошад, аз таъйин гардидани  Фил Невилл ба симати сармураббии ин тим хабар дод. Қаблан Невилл  дастаи мунтахаби футболи занонаи Англияро роҳбарӣ мекард. Фил ва Бекхэм дар тими "Манчестер Юнайтед" якҷоя бозӣ намудаанд.  Ёдовар мешавем, ки Фил Невилл мебоист тими миллии Англияро дар чемпионати Аврупо миёни бонувон роҳбарӣ мекард, аммо пас аз он, ки мусобиқа ба 2022 мавқуф гузошта шуд, ӯ қарор кард, ки ба истеъфо равад. "Интер Майами" дар чемпионати мавсимии MLS дар лигаи конференсияи шарқӣ мавсимро дар мақоми 10-ум ба анҷом расонд. Қаблан ба ҳайси сармураббии "Интер Майами" Диего Алонсо фаъолият мекард. Барканории Алонсо расман рӯзӣ 17 январ эълон шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив