LIVE

Хаби Алонсо сармураббии нави «Бавария» мешавад

Собиқ футболбози мунтахаби Испания ва бошгоҳҳои “Реал Мадрид”, “Ливерпул” ва “Бавария” Хаби Алонсо шояд рӯзҳои наздик роҳбарии дастаи “Бавария”-и Мюнхениро ба зимма гирад. Чӣ тавре, ки маҷаллаи France Football хабар медиҳад, олмониҳо нақша доранд, ки то анҷоми моҳи ноябр ба мухлисони даста исми сармураббии навро эълон кунанд. Ба ғайр аз Хаби Алонсо инчунин сармураббии дастаи «Аякс» - Эрик тен Хаг низ муддаии асосӣ барои бар шудан дар ин мақом арзи ҳастӣ дорад. Дар айни ҳол Хаби Алонсо сармураббии дастаи ҷавонони «Реала Сосйедад»-ро ба уҳда дорад. Ёдовар мешавем, ки Хаби аз соли 2014 то соли 2017 шарафи бошгоҳи “Бавария”-ро ҳимоят мекард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив