LIVE

Хавбеки “Бавария” тарки даста мекунад

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Бавария” - Ренату Саншеш мавсими ояндаро дар бошгоҳи «Лилл»-и Фаронса баргузор мекунад. Дар ин бора маҷаллаи L’Équipe хабар медиҳад. Худи Саншеш низ аз тарк намудани дастаи мюнхенӣ розӣ аст, чаро ки вақтҳои охир ба ӯ аз тарафи ситоди мураббиёни “Бавария” кам мароқ зоҳир карда мешавад. Айни замон гуфтушунид миёни “Бавария” ва “Лилл” дар бобати Ренату идома дорад. Дар дастаи фаронсавӣ боварӣ доранд, ки ин гузариш то рӯзи якшанбе ба нуқтаи ниҳоӣ мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив