LIVE

Дастаеро, ки "Истиқлол" шикаст дода буд, ба финали ЛЧ-и Осиё баромад

Дастаи "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ аввалин иштирокчии бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳои Осиё гардид. Дар вохӯрии нимниҳоӣ "Ал-Ҳилол" дар шаҳри Риёз дастаи Саудии дигар "Ал-Наср"-ро мувоҷеҳи шикаст намуд. Дар дақиқаи 17-ум бозигари собиқи дастаи "Порту" Мусса Марега аз паси Бафетимби Гомис истифода намуда, ҳисоби бозиро кушод. Вале дар оғози қисми дуюм шогирдони Педро Эммануел ҳисоби бозиро мусовӣ намуданд. Муаллифи гол нимҳимоятгари бразилитабор Андерсон Талиска гардид. Шогирдони Леонардо Жардим бошад, аз як нафар кам будани рақиб ба хубӣ истифода намуда, дар дақиқаи 71-уми вохӯрӣ бо кӯшиши Салем Ал-Давсари голи дуюми "Ал-Ҳилол"-ро ба ҳадаф расониданд. Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид ва "Ал-Ҳилол" аввалин иштирокчии марҳилаи ниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё гардид. Рақиби "Ал-Ҳилол" имшаб баъд аз бозии ҷуфти дигари даври нимниҳоӣ байни "Улсан" ва "Пхохан Стилерс" муайян мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив