LIVE

Дастаи Роналду имкони пирӯзӣ дар Лигаи Чемпионҳои Осиёро аз даст дод

Бозии ҷавобии марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё миёни дастаҳои  “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Ал-Айн”-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал Аввал Парк”-и шаҳри Риёз баргузор гардида, бо ҳисоби 4 бар 3 поён ёфт  ва бо натиҷаи бозии рафту баргашт ҳисоб 4 бар 4 шуд ва тақдири ғолибро силсилазарбаҳои 11 метра ҳаллу фасл кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳисобро  Софиян Раҳими дар дақиқаи 28-ум ба фоидаи “Ал-Айн” боз кард. Ирсоли головарро ба Раҳими бозигари парагвайи Каку таъмин намуд. Дар дақиқаи 45-уми бозӣ аз ирсоли головари Матиас Паласиос истифода бурда, Раҳими ҳисобро дуболо кард. Дастпарварони Луиш Каштру дар идома дар дақиқаи 45+5 ба задани гол ноил гардиданд. Абдулраҳмон Ғариб аз паси Садио Мане истифода бурда, мушарраф ба задани гол шуд.
Дар қисми дуюми бозӣ дар дақиқаи 51-ум дарвозабони тими “Ал-Айн” – Халид Иса муаллифи худгол шуд. Бо гузаро шудани 21 дақиқа бозигари бразилӣ Алекс Теллес аз зарбаи ҷаримавӣ голи зебоеро ба самар расонид ва аз натиҷаи  бозии рафту баргашт ҳисобро баробар намуд.
Ҳамин тавр, вохӯрӣ ба вақти иловагӣ кашида шуд. Дар дақиқаи 98-уми бозӣ ниммуҳофизатгари “Ал-Наср” - Айман Яҳё корти сурх гирифт ва бозибадар шуд. Аз ин фурсат истифода бурда, бозигарони “Ал-Айн” ба задани гол ноил гардиданд. Султон Ал- Шамси дар дақиқаи 103-юм ба задани гол даст ёфт.  Пас аз талошҳои зиёд дар дақиқаи 118-ум Криштиану Роналду пеналти кор кард ва ба задани гол ноил шуд.
Бозии дастаҳо то силсилазарбаҳои 11 метра рафт. Аз ҳайати “Ал-Наср” нахуст Марсело Брозович бозигари хорватӣ пеналтиро дуруст иҷро карда натавонист. Софиян Раҳими аз ҳайати “Ал-Айн” ба задани гол ноил шуд. Алекс Теллес зарбаи дуюми пеналтиро барои дастаи шаҳри Риёз дуруст иҷро карда натавонист. Бозигари парагвайӣ Каку аз фурсат истифода бурда, голи дуюми “Ал-Айн”-ро дар пеналти ба самар расонид. Криштиану Роналду аз ҳайати “Ал-Наср” зарбаи сеюми пеналтиро бе хато иҷро кард. Ал-Шамси аз ҳайати тими рақиб зарбаи навбатиро ба гол табдил дод. Бозигари португалӣ Отавио зарбаи чаҳоруми пеналтиро иҷро карда натавонист ва “Ал-Наср” аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Ба ҳамин тартиб, Роналду ва «Ал-Наср» аз Лигаи Чемпионҳои Осиё хориҷ шуданд. Дастаи «Ал-Айн» пурқувват баромад ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳила дастпарварони Ҳернан Креспо бо ғолиби ҷуфти “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Иттиҳод” бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив