LIVE

Антон Миранчук метавонад ба сафи «Нант» гузариш анҷом диҳад

«Нант»-и фаронсавӣ нисбати нимҳимоягари «Локомотив» Антон Миранчук мароҳ зоҳир кардааст. Ҷонибҳо оиди имзокунии шартнома дар тобистони соли 2024 гуфтушунидҳо доранд, иттилоъ медиҳад Metaratings.
Тибқи иттилоъи сарчашма, намояндагони «Нант» аллакай вохӯрии ғайрирасмӣ бо агентҳои Миранчук доир карданд. Пештар ВАО оиди иштиёқи тимҳои туркӣ нисбати ин футболбоз мегуфтанд.
Шартномаи Антон бо «Локомотив» то охири мавсими солҳои-2023/024 мебошад. «Нант» бошад баъди 24 даври чемпионати Фаронса дар зинаи  14-уми ҷадвал қарор дорад.
Миранчук дар сафи дастаи асосии «Локомотив» аз соли 2017 бозӣ намуда, дар 203 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ба задани   47 голу ирсоли 32 партофти голӣ даст ёфтааст. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда аз сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози мунтахаби Россия  5 млн евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив