LIVE

«Галатасарой» аз «Латсио» бозигар мехарад

Нимҳимоягари «Латсио» ва мунтахаби Ҷопон Даити Камада метавонад ба чемпионати Туркия бипайвандад. Дар ин бора    Football Italia иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти манбаъ роҳбарони бошгоҳи туркӣ нияти харидории футболбози 27-соларо аллакай дар равзанаи зимистонаи трансферӣ доранд. Бо вуҷуди ин роҳбарияти тими римӣ мехоҳанд ҷопониро ақаллан то ахири мавсими ҷорӣ дар даста ҳифз намоянд.
Камада ба сафи «Латсио» аз «Айнтрахт» тобистони қаблӣ чун бозигари озод пайваста, мавсими ҷорӣ дар ҳайати «уқобон» 22 бозӣ гузаронид ва бо як голу як партофти голӣ аз майдон берун шуд. Шартномаи футболбоз бо бошгоҳи итолиявӣ то охири моҳи июни соли 2024 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии Камада бошад ба қавли  Transfermarkt 20 млн евро мебошад.
Пештар оиди иштиёқи «Бавария» нисбати дифоъгари канории «Галатасарой» гуфта шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив