LIVE

«Ал-Ҳилол» барои бозигари нави аврупоӣ 50 млн евро медиҳад

Нимҳимоягари «Латсио» Сергей Милинкович-Савич розӣ шудааст, ки маснади варзишии хешро дар тими саудии «Ал-Ҳилол» идома диҳад. Дар ин бора нашрияи La Repubblica иттилоъ медиҳад.
Аз рӯи маълумоти сарчашма нимҳимоягари сербӣ пешниҳоди «Ал-Ҳилол»-ро оиди шартномаи сесола бо маоши ҳаҷмаш 20 млн евро дар як мавсим қабул кардааст.  Пештар хабар дода мешавад, ки тими саудӣ ба «Латсио» 40 млн евро баҳри бозигар пешниҳод кардааст — айнан баробари ҳамин қадар маблағ римиҳо Милинкович-Савичро баҳогузорӣ мекунанд.
Дар мавсими сипаришуда Сергей Милинкович-Савич дар сафи римиҳо 47 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, 11 голу ҳашт партофи голӣ ба омор гирифтааст. Мӯҳлати шартномаи ӯ бо «Латсио» бошад соли оянда поён меёбад.
Аз рӯи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши тахминии  футболбози сербӣ  50 млн евро мебошад. «Латсио» дар мавсими қаблӣ дар ҷадвали   Серияи А бо касби 74 хол зинаи дуюмро ишғол намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив