LIVE

"Аталанта" футболбози русро харидорӣ кард.

Расман: "Аталанта" футболбози русро харидорӣ кард
Сомонаи расмии дастаи "Аталанта" аз гузориши нимҳимоятгари дастаи "Локомотив" – Алексей Миранчук ба сафи итолиёвиҳо хабар дод. Маблағи гузариши бозингар 14,5 миллион евро арзёбӣ карда мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки Миранчук аз соли 2013 инҷониб дар дастаи "Локомотив" бозӣ мекард. Алексей дар ҳайати асосии "масквагиҳо" аввалин маротиба 20 апрели соли 2013 дар бозӣ бар муқобили "Кубан" вориди майдон гардида буд. Дар ҳайати "Локомотив" Миранчук 228 бозӣ гузаронида, ба задани 43 гол ва 45 партофти головар мушарраф гардидааст.
Таҳияи Маҳмадназар Наҷбуддинов

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив