LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) ба баромадаш дар «Ҷоми Рушд-2024» нуқта гузошт

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми рушд-2024» дар шаҳри Минск ширкат кард.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон (U-16) се бозӣ анҷом дода, аз тимҳои Беларус (0:3), Русия (1:6) ва Қазоқистон (0:2) шикаст хӯрд. Имрӯз дастаи Далер Каёсов дар бозӣ барои ҷойи ҳафтум бар тими наврасони Озарбойҷон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, мусобиқаро бо пирӯзӣ ҷамъбаст намуд.

Дар бозии ҳалкунандаи «Ҷоми рушд-2024» шоми имрӯз дастаҳои наврасони то 17-солаи Беларус ва Русия бо ҳам вомехӯранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив