LIVE

Наврасони тоҷик дар "Ҷоми Рушд 2023" сеюм шуданд

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск гардид. Дастаи мо дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Русия бо ҳисоби бузурги 3:0 пирӯз шуд. Абубакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров ба задани гол даст ёфтанд. Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт «Ҷоми рушд-2023»-ро ҷамъбаст кард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив