LIVE

Бозии рӯз: ТОҶИКИСТОН (U-17) - ЭРОН (U-17)

Имрӯз, 9-уми феврал дар доираи даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар шаҳри Минск дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи  Тоҷикистон ва Эрон вомехӯранд. Вохӯрӣ соати 15:20 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Қаблан дар ду бозии аввали мусобиқот тими Раҳматулло Фузайлов бо тимҳои наврасони Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда буд.
Бар асоси низомномаи Ҷоми рушд-2023 ғолибони гурӯҳҳо дар даври ниҳоӣ вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив