LIVE

Бозии рӯз: Тоҷикистон (U-17) - Беларус (U-16)

Имрӯз, 7 феврал дар шаҳри Минск бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» баргузор мешаванд.
Дастаи Тоҷикистон (U-17), ки дар гурӯҳи «В» баромад мекунад, бо мунтахаби Беларус (U-16) рӯ ба рӯ мешавад. Ин бозӣ дар толори футболи Минск баргузор шуда, соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. 

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали ин мусобиқа Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз Русия ба натиҷаи мусовӣ даст ёфтанд. 

Пахши мустақими ин рақобатро шабакаи «ТВ Футбол» ба роҳ мемонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив