LIVE

12 голи наврасони тоҷик дар ду бозии «Ҷоми Рушд-2021»

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ - Аҳлиддин Турдиев дар даври 2-юми мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2021» дар Минск бар тими Молдова пирӯз шуд. Дар бозии дуюми худ футболбозони тоҷик бар ҳамтоёни молдовиягии худ бо натиҷаи калони 5:1 дастболо шуданд. Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ғалабаи милипӯшони навраси мо дар Ҷоми рушд маҳсуб меёбад. Дар бозии аввал футболбозони то 17 солаи мо бар ҳамсолонашон аз Қазоқистон бо ҳисоби 7 бар 1 ғалаба карда буданд. Рӯзи 6-уми феврал мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо мизбонони мусобиқа наврасони Беларус майдондорӣ мекунанд.  
«Ҷоми Рушд-2021»
Даври 2-юм
ТОҶИКИСТОН (U-17) – Молдова (U-17) – 5:1
Голҳо: Ҳукмиддин Шомуродов, 28 (1:0). Хусрав Тоиров, 31 (2:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 35 (3:0). Асадбек Ҷурабекзода, 61 (4:0). Ботан Дан, 77 (4:1). Сунатулло Азизов, 87 (5:1).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив