LIVE

Рақибони наврасони тоҷик дар “Ҷоми Рушд-2021” муайян шуданд

Дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор мегардад, ширкат хоҳад намуд.
Дар мусобиқаи имсола чор мунтахаби наврасони то 17 сола ширкат меварзанд. Дастаи наврасони Тоҷикистон рӯзи 31 январ бо наврасони Қазоқистон, рӯзи 3 феврал бо ҳамсолони худ аз Молдова ва рӯзи 6 феврал бо соҳибони майдон - наврасони Беларус бозӣ мекунад. Бозиҳои мусобиқа дар манежи футболии "Минск" доир мешаванд. Мусобиқа аз рӯи низоми даврӣ дар як қисм доир шуда, ғолибон аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои соҳибшудаашон маълум мешаванд.
 Мусобиқаи байналмилалии наврасон «Ҷоми Рушд-2021» дар Минск

Даври 1-ум
31 январ (якшанбе)
14:00 – Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН
17:30 – Беларус – Молдова
 
Даври 2-юм
3 феврал (чоршанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН – Молдова
17:30 – Беларус – Қазоқистон

  Даври 3-юм
6 феврал (шанбе)
14:00 – Молдова – Қазоқистон
17:30 – Беларус – ТОҶИКИСТОН
ЭЗОҲ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив