LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар "Ҷоми рушд-2021" ширкат мекунад

Мунтахаби наврасони то 17 солаи  Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмиллалии “Ҷоми Рушд-2021” иштирок хоҳад кард. Ҳабдаҳумин мусобиқаи “Ҷоми Рушд-2021” аз 30 январ то 7 феврал дар Минск баргузор мегардад. Наврасони тоҷик зери роҳбарии Аҳлиддин Турдиев аллакай омодагии худро оғоз кардаанд. Дар ин чорабинии варзишӣ 8 мунтахаби наврасони  иборат аз футболбозони  соли таваллудашон то 2004 иштирок мекунанд.  Ёдовар мешавем, ки соли гузашта наврасони кишвар дар финали “Ҷоми Рушд-2020” аз тими Беларус мағлуб шуд буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив