LIVE

7 голи футболбозони наврас дар Ҷоми Рушд

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии аввалини худ дар мусобиқаи “Ҷоми Рушд-2021” дар кишвари Беларус ҳамтоёни қазоқи худро бо ҳисоби 7:1 тору мор карданд. Бо сабаби корти сурх гирифтан дар оғози бозӣ муҳофизатгари Қазоқистон Сергей Иванов аз майдон хориҷ карда шуд. Бозигарони мо дар дақиқаи 32-юм бо кӯшиши Абдуфаттоҳ Худойдодзода ҳисобро кушоданд. Баъдан дар ҷараёни қисми дуюм шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо кӯшиши Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Ҷурабекзода Асадбек дарвозаи ҳарифро голборон карданд. Голи шармшикани мунтахаби наврасони Қазоқистонро Никита Губарев зад.
Дар даври дуюм миллипӯшони навраси мо бо ҳамтоёни худ аз Молдова рӯ ба рӯ мешаванд. Баргузории ин бозӣ рӯзи 3-юми феврал соати 14:00 (бо вақти Душанбе) дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив