LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми рушд-2022 ширкат мекунад

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5 то 14 феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар ин мусобиқот даҳ даста барои пирӯзӣ мубориза мебаранд. Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи “А” бозӣ карда, дар он бо тимҳои миллии Беларус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон бозӣ мекунад.

Ба гурӯҳи «В» Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Ӯзбекистон ва Исроил шомиланд.

Тибқи низомномаи мусобиқот дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯи системаи даврӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар дар марҳилаи ниҳоӣ рақобатро идома медиҳанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро гирифтанд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозиҳои тасаллӣ барои ҷойҳои 5-6, 7-8 ва 9-10 низ баргузор мешаванд.

Барои мунтахаби Тоҷикистон (U-16) ширкат дар Ҷоми рушд-2022 яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки 1-9 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, хоҳад шуд.

 
Мусобиқаи байналмилалии  "Ҷоми Рушд-2022" дар Минск

Гурӯҳи “А”: Беларус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон, ТОҶИКИСТОН, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Ӯзбекистон, Исроил

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив