LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) аз дастаи Белорус (U-16) шикаст хӯрд

Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2022» дар Минск бозии дувуми худро анҷом дод.

Дар даври севуми сабқати гурӯҳӣ дастаи Зайниддин Раҳимов, ки дар бозӣ бо ҳамсолонаш аз Беларус бо ҳисоби 2:1 пешсаф буд, вале натиҷаи пирӯзиро нигоҳ дошта натавонист ва дар ниҳоят бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов ва Масрур Ғафуров гол заданд.

Дар даври навбатӣ, 10 феврал, мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо дастаи «Динамо»-и Минск вомехӯрад. Бозӣ соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки тибқи низомномаи мусобиқа дар марҳилаи аввал дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Баъдан ғолибони гурӯҳҳо дар даври ниҳоӣ барои Ҷом ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро гирифтанд, дар бозӣ барои медали биринҷӣ вомехӯранд. Иштирокчиёни боқимонда бо назардошти ҷойҳои ишғолкардаи гурӯҳҳо бозиҳои плей-оффро мегузаронанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив