LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз шонси ба марҳилаи навбатӣ роҳ ёфтанро дорад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи  интихобии Ҷоми Осиё-2022  дар гурӯҳи «В»  ҷойи дуюмро гирифт. Дар даври охир тими мо  аз мунтахаби Эрон бо ҳисоби 2:3 шикаст хурд, ки дар ниҳоят Эрон мустақиман ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт. 
Бо вуҷуди шикаст аз Эрон, шогирдони Мубин Эргашев шонси роҳ ёфтан ба финали қаҳрамонии Осиёро ҳифз карданд.

Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ғолибони ёздаҳ гурӯҳ ва чаҳор дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар ҳоли ҳозир мунтахаби Тоҷикистон дар қатори чаҳор дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро касб кардаанд, қарор дорад. Аммо   соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2022 шудан,  ба натиҷаи бозии гурӯҳи I миёни дастаҳои Ветнам ва Мянмар, ки рӯзи 2 ноябр дар Бишкек баргузор мешавад, бастагӣ дорад. Агар яке аз дастаҳо бо дилхоҳ натиҷа ғайр аз ҳисоби 4:3 (5:4, 6:5 ва ғайра) ғалаба кунад, мунтахаби Тоҷикистон роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ хоҳад гирифт. Агар ин бозӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёбад, он гоҳ кортҳои зард ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив