LIVE

Тоҷикистон ба марҳилаи сеюми интихобӣ роҳ наёфт

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон баромади худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 ба анҷом расонд. Барои баромадан ба даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 ва ба даст овардани роҳхати даври нимҳоии Ҷоми Осиё-2023 ба дастаи мо чор голи дигар нарасид.
Дар Осиё даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 ба анҷом расид. Аз рӯи натиҷаҳои он 12 даста муборизаро барои ба даст овардани роҳхат ба чемпионати ҷаҳон-2022 идома медиҳанд. Дастаҳои мунтахаби Сурия, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ ғолибони гурӯҳҳои худ шуданд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.
Аз рӯи натиҷаҳои даври дуюм панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро гирифтанд, ба марҳилаи навбатии даври интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 роҳ ёфтанд. Инҳо Уммон, Ироқ, Ветнам, Чин ва Лубнон мебошанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон чун Лубнон хол ба даст овард, аммо аз ҳисоби фарқияти беҳтартари тӯбҳо лубнониҳо ба марҳилаи баъдӣ баромаданд. Дар натиҷа, мунтахаби Тоҷикистон дар байни дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро ишғол карданд, шашумин буд. Дастаи Усмон Тошев ба муваффақият хеле наздик буд - барои расидан ба марҳилаи навбатии мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022, аммо дар бозиҳо бо Ҷопон, Қирғизистон ва Муғулистон ҳамагӣ чор гол зада шуд. Акнун мунтахаби Тоҷикистон бозии худро дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи феврали соли 2022 оғоз мешавад, идома медиҳад. Дастаи мо ҳеҷ гоҳ ба чемпионати Осиё набаромадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив