LIVE

Индонезия ба марҳилаи финалии ҶО-2022 баромад

Мунтахаби занонаи Индонезия дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022  дар гурӯҳи C мақоми аввалро касб кард. Бонувони индонезӣ дар бозии марҳилаи гурӯҳӣ   бар яккачини Сингапур бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, соҳиби роҳхат ба даври  финалии мусобиқот  гардиданд. Дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Душанбе як вохӯрии дигар боқӣ монд. Пагоҳ ғолиби гурӯҳи В муайян мешавад. Мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо Ветнам бозӣ мекунад. Барои баромадан ба даври навбатии чемпионати Осиё дастаи моро танҳо дар ин дидор пирӯзӣ қонеъ хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив