LIVE

Ғалабаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бар Малдив

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» бар Малдив бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард. Дар ин сабқат голҳоро Лайло Ҳалимова (дубл), Некубахт Худододова ва Наталя Сотникова ба самар расонида, пирӯзии тими миллии кишварро таъмин сохтанд. Дар даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи мусобиқа дастаи Юсуф Рабиев рӯзи чоршанбеи 29-уми сентябр бо тими миллии Ветнам бозӣ хоҳад кард. Барои ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё роҳ ёфтан, дастаи моро танҳо  пирӯзӣ қаноатманд хоҳад кард.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни дастаҳои мунтахаби занона
Гурӯҳи «В». Даври 2-юм
ТОҶИКИСТОН – Малдив – 4:0
Голҳо: Лайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некубахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив