LIVE

Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Туркманистон

Мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) пирӯзии дуюми пай дар пайи хешро дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) соҳиб гардид. Дар даври 4-уми ин мусобиқа хубони то 23 солаи тоҷик бар тими миллии Туркманистон бо натиҷаи 2:0 зафар ёфтанд. Дар ин набард голҳои мунтахаби кишварро Некубахт Худододова ва Рафина Нормуратова ба самар расониданд. Ҳамин тавр як давр то анҷоми ин мусобиқа мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 12 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. Тими миллии Эрон бошад, 9 имтиёз дораду дар ҷои 2-юм мавқеъ касб намудааст. Мунтахаби Тоҷикистон бо дарёфти 7 хол дар зинаи сеюм қарор дорад. 
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мунтахабҳои бонувони то 23-сола
Даври 4-ум
Туркманистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Голҳо: Некубахт Худододова, 25 (0:1). Рафина Нормуратова, 45+2 (0:2).
Ӯзбекистон – Эрон – 3:0
ГолҳоНилуфар Қудратова, 14 (1:0). Умеда Зоирова, 65 (2:0). Дилдора Нозимова, 82 (3:0).
Афғонистон – Қирғизистон – 0:3
Голҳо: Айжан Боронбекова, 20 (0:1). Адинай Дуйшобаева, 30 (0:2). Адинай Дуйшобаева, 39 (0:3).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив