LIVE

Душанбе ва Ҳисор мизбони Чемпионати CAFA-2019

Фардо, 22-юми ноябр дар Тоҷикистон Чемпионати Ассотсиатсияи кишварҳои футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни мунтахабҳои олимпии бонувони то 23 сола оғоз мешавад. Ин чорабинӣ, ки аз 22-юм то 28-уми ноябр дар варзишгоҳҳои марказии шаҳри Душанбе ва Ҳисор баргузор мешавад, мунтахабҳои бонувонаи олимпии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Ҳамагӣ дар доираи бозиҳои Чемпионати (CAFA) 15 бозӣ доир мешавад. Мусобиқа тибқи низоми даврӣ сурат гирифта, дар як давр ҷамъбаст мешавад. Дастае, ки бештар аз дигарон имтиёз ба даст меорад, ғолиби ин мусобиқа дониста мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон бозии нахустини худро дар ин мусобиқа фардо 22-юми ноябр бар муқобили тими бонувонаи Эрон баргузор мекунад. Ин вохӯрӣ соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои олимпии бонувон (U-23)
Даври 1-ум
22 ноябр (ҷумъа)
14:00 – Ӯзбекистон – ҚирғизистонВарзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00 – Афғонистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОНВарзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
Даври 2-юм
23 ноябр (шанбе)
14:00 – Эрон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00 – Ӯзбекистон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00 – ТОҶИКИСТОН – ҚирғизистонВарзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
Даври 3-юм
25 ноябр (душанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон.Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор 
14:00 – Қирғизистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00 – Туркманистон – Ӯзбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
Даври 4-ум
26 ноябр (сешанбе)
14:00 – Ӯзбекистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00 – Афғонистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
Даври 5-ум
28 ноябр (панҷшанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00 – Қирғизистон – Т Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00 – Эрон – АфғонистонВарзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив