LIVE

Панҷ голи мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи мунтахаби Афғонистон

Имрӯз, 25-уми ноябр дар доираи рақобатҳои даври сеюми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мунтахабҳои бонувони то 23-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон рақобат намуданд. Рақобати дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:1 ба суди хубони тоҷик хотима ёфт. Дар рақобати дигари даври мазкур тими Эрон дастаи Қирғизистонро бо натиҷаи бузурги 6:0 дучори шикаст намуд. Баъди ин пирӯзӣ хубони тоҷик бо касби 4 имтиёз ба зинаи 3-юми ҷадвал роҳ ёфтанд. 
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мунтахабҳои бонувони то 23-сола
Даврви 3-юм
25 ноябр (душанбе)
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон – 5:1
Қирғизистон – Эрон – 0:6

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив