LIVE

Духтарони Ветнам ба Малдив раҳм накарданд

Дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни бонувон дар  гурӯҳи "В" оғоз ёфт. Дар даври аввали  мусобиқот тими миллии бонувони Ветнам бо Малдив рақобат намуд. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 16 бар 0 ба фоидаи дастаи Ветнам хотима ёфт. 
Рӯзи 26 сентябр дар ин гурӯҳ мунтахаби Тоҷикистон бозии якуми худро  бо тими миллии Малдив доир мекунад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе  соати 18:00 оғоз мешавад. Рӯзҳои 24 ва 27-уми сентябр рақобатҳо дар доираи ин мусобиқот дар гурӯҳи "С", ки дар он дастаҳои  Сингапур ва Индонезия шомиланд,  баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив