LIVE

Мунтахаби занонаи Сингапур ба Душанбе омад

Дастаи мунтахаби занонаи Сингапур барои бозии интихобии Ҷоми Осиё -2022 ба Душанбе омад. Дар даври муқаддимотии Чемпионати Осиё тими миллии Сингапур дар гурӯҳи «С» бозӣ мекунад, ки дар он рӯзҳои 24 ва 27 сентябр ду бозӣ бо мунтахаби  Индонезия  баргузор менамояд. Ин вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд. Ғолиби ин гурӯҳ соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 мегардад. Қарор аст, рӯзи 19 сентябр тими миллии Сингапур бо тими миллии занонаи Тоҷикистон дидори санҷишӣ доир  кунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад ва барои мухлисон ва намояндагони расонаҳо пӯшида хоҳад буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив