LIVE

Душанбе боз мизбони мусобиқаи байналмилалӣ мешавад

Дар шаҳри Душанбе бозиҳои ду гурӯҳи  марҳилаи интихобии чемпионати Осиё байни ҷавонони то 23 -сола баргузор мешавад.
Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола дар гурӯҳи "В" бо ширкати дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Лубнон ва Непал аз 25 то 31 октябр баргузор мешаванд. Ҳамзамон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз 27 октябр то 2 ноябр бозиҳои гурӯҳи “G” баргузор мешаванд, ки дар он дастаҳои мунтахаби Австралия, Чин ва Индонезия бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июни соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва чаҳор дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуввумро ишғол мекунанд, роҳхат мегиранд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив