LIVE

Душанбе мизбони сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни ҷавонони то 23-сола мешавад

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) кишварҳоеро тасдиқ кард, ки бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-соларо баргузор мекунанд. Сабқати яке аз гурӯҳҳо аз 23-юм то 31-уми октябр дар Душанбе доир мегардад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Ғарб дар Тоҷикистон, Баҳрайн, Урдун, Кувайт, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб барпо мешаванд. Дар минтақаи Шарқ гурӯҳҳоро Муғулистон, Индонезия, Сингапур, Тайланд ва Тайбэйи Чин мизбонӣ мекунанд.
Қуръакашии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола имрӯз, 9-уми июл, дар Тошканд доир мегардад.
Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола 43 даста ширкат меварзад, ки бар асоси қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим карда мешаванд. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ ташкил хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ёздаҳ ғолиби гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо роҳ пайдо мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив