LIVE

Чемпионатҳои Осиё (U-16) ва (U-19) боз ба таъхир гузошта шуданд

Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки имсол Чемпионатҳои Осиё миёни наврасони то 16 сола ва ҷавонони то 19 сола, инчунин чемпионати қитъавии футзалро бекор кунад. Бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба ҳамагири COVID-19 ва ҳифзи саломатӣ, Конфедератсияи футболи Осиё чемпионати Осиё-2021 байни наврасони (U-16) ва ҷавонони (U-19)-ро баргузор намекунад. Баҳрайн ва Ӯзбекистон мизбони марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё миёни наврасони 17 сола ва ҷавонони 20 сола боқӣ монданд, ки соли 2023 доир мегардад. КФО инчунин Чемпионати Осиё оид ба футзалро, ки мебоист аз 23 март то 3 апрели соли равон дар Кувайт баргузор мешуд, бекор кард. Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё, Кувайт 16-умин Ҷоми футзали Осиёро соли 2022 мизбонӣ хоҳад кард. Чемпионати Осиё-2021 оид ба футзал, ки имсол дар Таиланд пешбинӣ шуда буд, соли 2023 дар Бангкок баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив