LIVE

Мусовии наврасони Тоҷикистон дар «Ҷоми Рушд-2022» бо Молдова

Дастаи мунтахаби то 16 солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2022» дар шаҳри Минск дар дидори нахустини худ бо тими Молдова бозиро бо натиҷаи мусовӣ ҷамъбаст намуд. Тоҷикистон ва Моловия ба дарвозаҳои ҳамдигар ду голӣ заданд.  Дар ҳайати тими миллии кишвари мо Масрур Ғафуров дар дақиқаи 13-уми рақобат ҳисобро боз намуд. Нимаи аввали вохӯрӣ бо як голи шогирдони Зайниддин Раҳимов ба анҷом расид. Дар қисмати дуюми бозӣ футболбозони навраси Малдовия голи ҷавобиро зада, таносубро барқарор намуданд. Муаллифи гол Давид Стоянов гардид. Дар дақиқаи 61-уми рақобат Сергей Перчун аз ҳайати тими миллии 16 солаҳои Молдова гозанӣ намуд. Дар дақиқаи 68-уми вохӯрӣ наврасони футболбози тоҷик тавассути худгол ҳисобро баробар намуданд. Тӯб баъд аз бархӯрдан ба Кирилл Тап мустақилона вориди дарвозаи рақибон гашта, таносуб бори дуюм дар ин вохӯрӣ барқарор гардид. Шогирдони Зайниддин Раҳимов бозии навбатии худро дар “Ҷоми Рушд-2022” рӯзи 9-уми феврал бо ҳамсолонаш аз Беларус анҷом медиҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив