LIVE

Наврасони тоҷик дар 3 бозии “Ҷоми Рушд” 16 гол заданд

Наврасони то 17 солаи Тоҷикистон бо задани голҳои бештар ба дарвозаи рақибон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” беҳамто буданд.  Имсол футболбозони навраси тоҷик бо ҳунари волои худ бори аввал ҷоизаи мусобиқаи “Ҷоми рушд”-ро ба даст оварданд. Бозии охирини футболбозони мо бо тими мизбон - наврсони Беларус аз оғоз то ба анҷом ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Бартарии шогирдони Аҳлиддин Турдиев нисбати ҳарифони худ баръало эҳсос мешуд. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Ба голи задаи Иван Агеев футболбози тоҷик Аббос Андалебов дар дақиқаи 38-ум ҷавоб гардонд. Дар қисми дуюми дидор футболбозои мо ҳуҷумҳои худро идома дода, ба задани 3 голи дигар мушарраф гаштанд.   Нахуст аз партофти олии Кабир Салимшоев Абдуфаттоҳ Худоидодзода моҳирона истифода намуда, тӯбро вориди дарвозаи ҳарифон гардонид. Дере нагузашта Сунатулло Азизов ҳисобро 3 бар 1 намуд.  Дар дақиқаи 88-ум футблбозони беларусӣ дар ҷаримавгоҳи худ ба қоидаситесӣ роҳ доданд, ки довар пеналтӣ таъин намуд. Амирҷони Фаррухзод зарбаи ҷаримавии 11 метраро бе мушкилӣ ба гол анҷом дода, натиҷаро 4 бар 1 намуд ва бо ҳамин бозии мазкур ба охир расид. Ҳамин тариқ мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар маҷмуъ се бозии худро ба ғалаба анҷом дода, бо касби 9 имтиёз барандаи “Ҷоми рушд” дар соли 2021 шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив