LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) аз дастаи Мексика шикаст хӯрд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) ҷамъомади дуҳафтаинаро дар Туркия анҷом дод. Дар Анталия шогирдони Зайниддин Раҳимов чаҳор бозии санҷишӣ анҷом доданд.

Дар бозии ниҳоӣ тими  Тоҷикистон (U-16) аз ҳамсолони худ аз Мексика бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрд. Дар ҳайати дастаи мо Масрур Ғафуров як гол зад.

Ба ин тартиб, шогирдони Зайниддин Раҳимов дар ҷамъомади тамринии Туркия чаҳор бозӣ анҷом доданд. Аз ин пеш бачаҳои мо бо хамсолони худ аз Булғористон ду маротиба бозӣ (0:0 ва 1:2) ва  бо Академияи Краснодар (1:4) 1 вохӯрӣ доир карданд.

Пагоҳ, 5-уми феврал, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) ба Минск парвоз карда, дар он ҷо дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд» ширкат мекунад. Дар мусобиқаи шаҳри Минск дастаи мо бо дастаҳои Қирғизистон (7 феврал), Беларус (9 феврал), Озарбойҷон (10 феврал) ва Қазоқистон (12 феврал) бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив