LIVE

ҶҶ -2019: Тоҷикистон аз Испания шикаст хӯрд, аммо имконияти аз гурӯҳ баромаданро дорад

Дастаи мунтахаби наврасони то 17 соли Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон-2019 дар Бразилия аз мунтахаби наврсони Испания бо ҳисоби 5:1 шикаст хӯрд. Новобаста аз бохт, шогирдони Зайниддин Раҳимов ҳанӯз низ имконияти баромадан ба марҳилаи 1/8 финали мусобиқаро доранд. Да бозии дигари гурӯҳи “Е” мунтахаби наврсони Аргентина бар Камерун бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.
Ба ин тартиб, пас аз ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “Е”, мунтахабҳои наврасони Испания ва Аргентина, ки ҳар кадоме 4 имтиёзӣ доранд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро бошад, барои ба бозиҳои плей-оффи мусобиқа баромадан дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ муқобили Аргентина мусовӣ ҳам қаноат мекунонад.
Ин вохӯрӣ рӯзи якшанбе, 3 ноябр, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 01:00-и санаи 4-уми ноябр ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade» дар шаҳри Кариасики Бразилия оғоз меёбад.
Ёдрас мешавем, ки ба марҳилаи баъдии Ҷоми Ҷаҳон-2019 аз ҳар гурӯҳ ду дастаи мақомҳои аввалу дуюм, ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севум роҳ пайдо мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив