LIVE

Ғалабаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бар Қирғизистон дар «Ҷоми Рушд-2022»

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии охирини гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2022» дар Минск бар ҳамсолони худ аз Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ду голи Масрур Ғафуров ва голи Абубакр Сулаймонов ба тими мо пирӯзии аввалинро дар мусобиқот таъмин карданд. 
Ба ин тартиб, тими Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи худ мақоми дувумро касб кард ва фардо, 13-уми феврал дар мусобиқаи “Ҷоми Рушд-2022” барои ҷойи севум бозӣ хоҳад кард. Рақиби дастаи мо дар бозии медали биринҷӣ имшаб муайян мешавад.
Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 25 (1:0). Масрур Гафуров, 29 (2:0). Масрур Гафуров, 45 (3:0). Мунарбек Куватбеков, 64 – аз пеналти (3:1). Айбек Жусупов, 80+3 (3:2).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив